Пагоҳ Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ нишасти матбуотӣ меороянд

Пагоҳ, 16 июл Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии  бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Нишасти матбуотии Хадамоти назорати давлатии  бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ соати 09:00, Кумитаи рушди маҳал соати 14:00 ва Вазорати адлия соати 15:30 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешаванд.

Нишасти матбуотии Прокуратураи генералӣ соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣ баргузор мешавад.

Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист соати 10:00 дар Кумитаи мазкур бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ меороянд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: