Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Душанбе ташриф овард

Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов 29 сентябр ҷиҳати ширкат дар 7-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва шахсони дигари расмӣ пешвоз гирифтанд.

Хотиррасон мекунем, ки имрӯз ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ҷараёни ҷаласа масоили тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт ва алоқа, энергетика, кишоварзӣ ва хоҷагии об, инчунин фарҳангӣ ва гуманитарӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок баррасӣ мешаванд.

Дар доираи сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон инчунин баргузории ҳамоиши соҳибкорон ва ҷаласаи Шӯрои корӣ ба нақша гирифта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: