Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода Маркази табобатии «Нури шифо»-ро ба истифода доданд

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маркази табобатии «Нури шифо»-ро дар кӯчаи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷамияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури шифо» дар доираи иқдомҳои созанда ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани солгарди навбатии истиқлоли давлатӣ ва ҷавобгӯ сохтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷурахон Хоҷамқулов бо маблағи умумии беш аз 2 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои шароити мусоиди кору хизматарасонӣ мебошад.

Сарвари давлат аз шароити замонавии  Маркази табобатии «Нури шифо», ки аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2016 оғоз гардида, барои бунёди он 30 нафар коргарони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Аз рӯи тарҳ дар таҳхона ва ошёнаи якуми маркази навтаъсиси табобатӣ ҳуҷраҳои сӯзандармонӣ, ошхона бо 50 ҷои нишаст, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳаммом бо муосиртарин таҷҳизот ва дастгоҳҳои табобатӣ,  ҳуҷраи ташхиси ултрасадо ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул дар самти анҷоми хизматрасониҳои сатҳи баланди  тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии намудҳои гуногуни бемориҳо ба масъулон ва мутахассисони соҳа дастуру ҳидоятҳо дода, таъкид намуданд, ки  солимии ҷомеа дар меҳвари асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва маҳз бо ҳамин мақсад дар мамлакат иқдомҳои созанда дар ин самт амалӣ карда мешаванд, то мардум аз хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ баҳравар шаванд.

Дар ошёнаи дуюм ва сеюми Маркази табобатии «Нури шифо»  барои табобат ва истироҳати сокинон шароити мусоид, аз ҷумла  20 ҳуҷраи хоб  ва утоқҳои физиодармонӣ, кашиши сутунмуҳра, маҳси даст  ва дигар утоқҳои ёрирасон муҳайё карда шудаанд.

Барои ташхису муайян намудани бемориҳо аз ҷумла дақиқ муайян кардани кори системаи дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, пешобрав, муоина ва табобати бемориҳои занона ва мардона, асаб ва дигар намуди бемориҳо 15 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳи муосири баландсифати тиббӣ  ворид шуда, барои истифода ва дар хидмати ниёзмандон қарор додани онҳо 30 нафар мутахассисони варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ҷалб карда шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмлмалӣ  Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкори ватанӣ, яъне бунёди чунин як маркази зебову муосири табобатиро, ки дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ягона мебошад, шоистаи таҳсин хонда, таъкид намуданд, ки дар мамлакат барои дастгирии соҳибкорон ва рушди бахши хусусӣ шароити мусоиди корӣ мавҷуд аст ва онҳо метавонанд бо истифода аз имконоти мавҷуда дар бунёди иншооти таъйиноти гуногун саҳми назаррас гузоранд.

Сокинон аз бунёди чунин беморхонаи замонавии дорои имконияти зиёди хизматрасонӣ хушҳол гардида, самараи ин ҳама пешравиҳоро дар мамлакат аз тинҷиву оромии Ватан ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба солимии ҷомеа арзёби мекунанд. Дар ошёнаи 3-юми бино дар баробари анҷом додани дигар хизматрасониҳои тиббӣ ҳамзамон толори варзишӣ ташкил гаридааст, ки  вобаста ба намуди беморӣ имкон аст дар инҷо ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд. Аз рӯи тарҳ як қисмати болои ошёнаи 4-уми муассисаи табобатии «Нури шифо»  кушода буда, барои истироҳат ва фароғати сокинон басо ҷои мувофиқ маҳсуб меёбад.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамзамон инҷо бо бунёди гулгашту фаввора, ҳавзи тобистона, гулу буттаҳои рангоранг ва дигар марказҳои хурди хизматрасонӣ зебову назаррабо гардонида шуда, ба табобатгирандагон рӯҳу таровати тоза мебахшад.

АМИТ «Ховар»

Tags: