Дар Сангвор даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир шуд

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор  даври ноҳиявии  Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.  Иштирокдорони Фестивали мазкур, ки аксаран духтарону бонувони дорои мўйҳои дароз ва зебо ороёфта буданд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ саъй намуданд, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон, либосу ороишоти миллии занона ва фарҳанги волои рақсу суруди тоҷикиро манзури тамошобинон  намоянд.

Дар фестивал ҷавондухтарон бо истеъдоди хуби фитрӣ ва маҳорати ҳунармандӣ фаъолона иштирок намуда, ҳунари волои худро дар ороиш ва мӯйбофии миллӣ тавассути намоиши расму оинҳои неки аҷдодӣ, аз қабили саршӯёну арӯсбаророн, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ ба қазовати ҳайати ҳакамон ва ҳозирин пешниҳод намуданд.

Дар фестивал ҷавондухтарони муассисаҳои таълимӣ, бонувони соҳаи тандурустӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия фаъолона иштирок намуда, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Тавре мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор Малоҳат Донаева ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод, фестивал бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати сарулибоси миллии тоҷикӣ,  маросими анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши гесӯи дарози тоҷикона бо савту навои тоҷикӣ ва ашъори баландпоя, суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ доир шуд.

Ҳадафи асосии баргузор намудани озмуни мазкур тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллӣ, ашъори бузургони адабиёти классику муосир, суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ бахшида ба ҳусну тароват, ҷозибаи гесӯ, либосҳо ва ороишоти миллии тоҷикона мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: