Рӯзноманигорон метавонанд савияи дониши англисии хешро боло бардоранд

Маркази фарҳангии «Бохтар» дар як якҷоягӣ бо Сафорати Амрико, курсҳои омӯзиши забони англисиро барои рӯзноманигорон ба роҳ мондааст. Рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва ғайридавлатие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, метавонанд дар барнома иштирок намуда, савияи дониши англисии худро боло бардоранд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази фарҳангии «Бохтар» хабар доданд, донишҷӯёне, ки дар факултаи рӯзноманигорӣ таҳсил доранд, низ ҳуқуқи иштирок дар барномаро доранд. Барнома ройгон буда, барои як сол дар назар дошта шудааст. Курсҳои номбурда иштироки довталабонро дар зинаҳои савияи элементарӣ то савияи баланд ба роҳ мондаанд.
Барнома аввали моҳи июл шурӯъ хоҳад шуд.
АМИТ «Ховар»

Tags: