6 феврал вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

6 феврал Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» оид ба ҷамъбасти соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг соати 09:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 10:00 дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш»  (Қарияи боло) баргузор мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор менамояд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соати 14:00  ва Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» соати 15:30 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасташонро доир менамоянд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: