Мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Чин дар Душанбе

22 июл дидори маҷозии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе Лю Бин баргузор шуд.  

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,  масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои муштараки зерсохторӣ дар Тоҷикистон меҳвари мулоқотро ташкил доданд.

Инчунин зимни баррасии масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби чиниро ба интишори матолибе дар расонаҳои чинӣ ҷалб кард, ки мавзӯи марбут ба марзи давлатии ду кишварро ба гунаи ғаразнок бозтоб намудаанд.

Дар ин замина ва бо дарназардошти муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду давлат таъкид гардид, ки ҷонибҳо бояд ҷиҳати роҳ надодан ба интишори ин гуна матолиби ғаразнок дар расонаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: