31 январ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи мошингарди Обигарм – Нуробод» ба имзо расид. Созишномаро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова имзо карданд.
Тавре аз Вазораи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маблағи созишномаи мазкур 150 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои қарзии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мегардад.
Мақсади асосии баимзорасонии созишномаи мазкур ин сохтмони қитъаи Тагикамар – Нуробод тақрибан 44 км шоҳроҳи дорои хатҳои дутарафаи иқлимӣ, 1 нақб (2,6 км), 1 купрӯки муваққатӣ ва сохтмони тақрибан 40 км роҳҳои маҳаллии ҳамафасла мебошад.
АМИТ «Ховар»