Бозорҳои «Тоҷикматлубот» мувозинати нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро нигоҳ медоранд

Кормандони “Бозори Ганҷ”-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳамарӯза мувозинати нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро назорат бурда, соҳибкорони  бозорҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ноҳия маҳсулоти заруриро бо нархҳои дастрас  ба шаҳрвандон пешниҳод менамоянд.  

Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, имрӯзҳо соҳибкорон дар бозорҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ноҳия Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат 50 кг орди навъи якумро бо нархи аз 240 то 250 сомонӣ, 50 кг орди навъи дуюмро аз 230 то 235 сомонӣ, 1 литр равғани пахтаро 15 сомонӣ, 1 литр равғани растаниро 18 сомонӣ, 1 кг шакарро аз 8,50 то 9 сомонӣ, 1 кг гӯштро аз 48 то 55 сомонӣ, 1 кг биринҷро аз 9 то 14 сомонӣ, макаронро аз 7 то 10 сомонӣ, 1 дона тухмро аз 93 дирам то 1 сомонӣ, картошкаро аз 2,90 то 3 сомонию 20 дирам, сабзиро то 1 сомонию 50 дирам  ва пиёзро аз 1,70 то 2 сомонӣ ба сокинон пешниҳод менамоянд.

Масъулини бозорҳои мазкур гуфтанд, ки ҳамарӯза дар байни фурӯшандагон барои танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал  корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баланд гардидани нархи маҳсулотро то андозае нигоҳ доранд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бо мақсади пешгирии болоравии нархи маводи озуқа ва таъмин намудани аҳолии мамлакат  бо маҳсулоти босифат дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуда истодаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: