Истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат Муборакшо Зиёеви 23 –сола дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ду адад асобағал дар даст худро маъюб нишон дода, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекард. Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян гардид, ки номбурда дар асл сиҳату саломат буда, танҳо ба хотири ба даст овардани маблағ ба ин кор машғул будааст.
Тавре аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба М.Зиёев барои ин амали нанговар санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол гардид.
Бояд гуфт, ки саломатӣ барои ҳар инсон қиматтарин ганҷ аст. Мутаассифона, дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки ба қадру қимати ин ганҷи бебаҳо нарасида, бо нишон додани ҳолати ҳузнангези худ ва бедор намудани ҳиссиёти раҳму шафқат дар дили шаҳрвандону атрофиён мехоҳанд аз ин ҳисоб маблағу даромади муфт ба даст оваранд. Ин амал нанговар буда, оини ҷавонмардӣ нест.
АМИТ «Ховар»