Олимон муайян кардаанд, ки пӯшидани ниқоб метавонад таҳдиди сирояти коронавирусро 80% коҳиш диҳад

Ниқобҳои ҷарроҳӣ метавонанд дар баъзе ҳолатҳо хатари ба бадан ворид шудани коронавирусро ҳатто то 80% коҳиш диҳанд, аммо онро то охир рафъ намекунанд. Инро як таҷрибаи беназир, ки дар Пажӯҳишгоҳи тиббии назди Донишгоҳи Токио гузаронида шудааст, нишон дод. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии Япония NHK 22 октябр иттилоъ додааст.

Мутахассисон ба сарҳои манекенҳо сенсорҳоро насб ва дар як ҷойи пӯшида дар фосилаи 50 см ҷойгир карданд. Яке аз онҳо аз ҳавои атроф нафас мекашид ва дуввумин ба сӯи ӯ коронавирусро бо оби даҳон меандохт, мисле, ки сулфа мекарда бошад.

Ҳангоми истифодаи ниқоби матоъгин дар саре, ки нафас мекашид, ҷаббиши коронавирус 17% ва ҳангоми истифодаи ниқоби маъмулии сеқабатаи ҷарроҳӣ 47% коҳиш ёфт. Респиратори махсусгардонидашудаи навъи N 95 ҷаббиши коронавирусро тақрибан 79% коҳиш дод.

Агар матоъ ё ниқоби ҷарроҳӣ ба сари  ихроҷкунандаи коронавирус пӯшонида мешуд, дар ин ҳолат ҷаббиши он дар сари бе ниқоби нафаскаш беш аз 70% коҳиш меёфт.

Истифодаи ниқобҳои ҷарроҳӣ дар ҳарду маникен миқдори вирусҳои ба бадан воридшавандаро 80% коҳиш дод, аммо таҳдиди сироятёбиро комилан рафъ накард.

Профессор Ёсихиро Каваока, роҳбари гурӯҳи таҳқиқотчиён ба хабарнигорон гуфт, ки чунин озмоиш бо истифода аз коронавирус бори аввал сурат гирифт. «Таҷрибаҳои мо нишон доданд, ки, — зикр  кард ӯ, — пӯшидани ниқоб ҳангоми пандемия хеле муҳим аст, аммо набояд ба он аз ҳад зиёд бовар кард».

АМИТ «Ховар»

Tags: