Дар Актобе 5 ҷинояткори дигар нобуд карда шуданд

Зимни амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳри Актобеи Қазоқистон 5 ҷинояткори дигар нобуд карда шуданд. Дар ин бора агентии АИР «Новости» хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки аз онҳо қисми зиёди аслиҳаи дуздидашуда мусодира карда шуд.
«Шахсияти ҳамаи ҷинояткорон муаяйн гардид. Барои ҷустуҷӯ ва боздошти онҳо тадбирҳо андешида мешаванд», — омадааст дар иттилоия.
Чанде пеш иттилоъ дода шуд, ки дар Актобе сатҳи баланди таҳдиди террористӣ «сурх» эълон гардидааст.
Шахсони номаълум ба мағозаи фурӯши силоҳ «Паллада» ва қисми низомӣ ҳамлаи мусаллаҳона содир намуданд, ки дар натиҷа 3 нафар ҳалок гардиданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҷинояткорон пайравони ҳаракатҳои динии ғайрианъанавӣ мебошанд. Дар Aктобе низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон шудааст.
АМИТ «Ховар»

Tags: