Ҳамла ба бемористони Кобул беш аз 30 кушта бар ҷой гузошт

Шумори қурбониёни ҳамла ба бемористони низомии шаҳри Кобули Афғонистон, ки субҳи 8 март анҷом шуд, аз марзи 30 нафар убур кардааст.
Ба иттилои Вазорати дифои Афғонистон, ҳамчунин зиёда аз 70 тани дигар захмӣ шудаанд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ба зимма гирифтааст. Гуфта мешавад, рӯзи чаҳоршанбе дар ҳудуди беморхонаи мазкур, ки дар наздикии сафорати ИМА ҷойгир аст, нахуст таркиш рух дода, баъдан се мусаллаҳ вориди бино шудаанд. Яке аз тундравон дар тан хилъати сафед дошта, ба сӯи беморон ва кормандони беморхона оташ кушодааст. Ҳамаи ҳамлагарон кушта шуда, задухурд 6 соат идома ёфт.
Ба гуфтаи президенти Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмад, ҳамла ба беморхона "таҳқири тамоми арзишҳои инсонӣ" буд. Ин амали террористиро СММ ва сафорати ИМА дар Кобул низ маҳкум карданд.

Tags: