Ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардид

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Тавре аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим имрӯз зимни  ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, муҳокима гардиданд.

Зикр шуд, ки қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии он ба талаботи кодексҳои гражданӣ, шаҳрсозӣ ва дигар қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин такмили фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, вакилони мардумӣ як қатор масъалаҳои дигар, аз ҷумла, лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуданд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: