Аз рӯи натиҷаҳои моҳи январи соли 2019 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар муқоиса бо моҳи январи соли 2018 1,3 дарсад афзудааст. Дар ин бора имрӯз, 14 март АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи омори ИДМ иттилоъ дод.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, моҳи январи соли 2019 нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои ИДМ 1 дарсад ва нархҳои маҳсулоти саноатӣ 2,4 дарсад афзудаанд. Афзоиши бештари нархҳои истеъмолӣ дар Арманистон (1,7 дарсад), Ӯзбекистон (1,5 дарсад) ва Молдова (1,3 дарсад) ва афзоиши камтар дар Озарбойҷон (0,2 дарсад), Қирғизистон (0,4 дарсад) ва Қазоқистон (0,5 дарсад) ба қайд гирифта шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои моҳи январ афзоиши бештари ММД миёни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон (7,3 дарсад), Туркманистон (6,2 дарсад) ва Арманистон (5,2 дарсад) ва афзоиши камтар дар Беларус (0,7 дарсад), Россия (2,3 дарсад) ва Озарбойҷон (2,9 дарсад) ба қайд гирифта шуд.
Тавре АИ «REGNUM» хабар дод, аз рӯи натиҷаҳои соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои ИДМ 3,4 дарсад, нархҳои истеъмолӣ 6,2 дарсад ва нархҳои маҳсулоти саноатӣ 11,4 дарсад афзудааст.
АМИТ «Ховар»