Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони баъзе вазорату идора ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз вазифаҳояшон озод гардиданд.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Муҳаммадраҳим – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Акрамзода Рустам – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод, Раҳмон Исломиддин Хайриддин – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва Акрамзода Парвиз Акрам – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъйин гардиданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Авзал- Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Шодихон Ҷамшед- муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, Шарифзода Иззатулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини Вазир — Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умаров Мансурҷон Ғаффорович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод ва ба вазифаи муовини Вазир — Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъйин гардиданд, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ва дар доираи қонун иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуданд.
«Ҳамаи шумо ҷавонони соҳибтаҷриба, мутахассиси соҳаҳои худ ҳастед. Зимни иҷрои вазифаҳои хизматиятон кӯшиш намоед, ки дар оянда намунаи ибрати дигарон ва соҳиби эҳтироми мардум гардед,» — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суҳбат.