Тавре дирӯз, 1 август хабар дода будем, ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 55 нафар намояндагони фарҳангӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд. Дӯстони тоҷикро дар гузаргоҳи сарҳадии «Ойбек»-и вилояти Тошканд ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ботантана истиқбол гирифт. Дар ин бора хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА аз Тошканд хабар медиҳад.
Тибқи барнома, ҳайати Тоҷикистон аз мавзеъҳои тамошобоби шаҳри Тошканд – Маҷмааи таърихии «Ҳазрати Имом», Қасри форумҳои Ӯзбекистон ва «Хиёбони адибон» дидан карданд.
Маҷмааи ёдгории «Ҳазрати Имом» — яке аз мавзеъҳои зеботарини Тошканд ба ҳисоб меравад. Тавре сокинони шаҳр нақл мекунанд, ин маҷмаа дар баробари майдони «Истиқлолият» («Мустақиллик»), бинои Парлумон («Олий Маҷлис») ва муҷассамаи қурбониёни репрессия дарҳол ба яке аз мавзеъҳои муқаддаси мусулмонҳо ва муаррифгари пойтахт табдил ёфт.
Маҷмааи мазкур дар назди мазори собиқ Имоми шаҳри Тошканд, олим, донандаи Қуръон ва ҳадис, шоир ва ҳунарманд Ҳазрати Имом (номи пурраи ӯ Абӯбакр ибни Исмоил ал-Каффол) бунёд ёфтааст. Бинобар маълумоти таърихӣ, ӯ ҳунарманди моҳир буда, ба сохтани қулф ва калид машғул буд. Ҳамчунин донандаи 72 забон буда, Аҳди Қадимро (Библия) ба забони арабӣ тарҷума кардааст.
Тармиму таҷдиди ин мавзеи таърихӣ соли 2007 мувофиқ ба қоидаҳои асри 16 оғоз гардида буд. Дар барқарорсозии маҷмаа устоҳои беҳтарини Тошканд, Кӯқанд, Самарқанду Хоразм, бо як сухан – тамоми ҷумҳурӣ саҳм гузоштаанд. «Ҳоло ин минтақаро шинохта намешавад,-мегӯянд дӯстони ӯзбек,- чун қаблан дар ин ҷо хонаҳои қадимаи кулухӣ бино ёфта буданду кӯчаҳои он хеле тангу каҷ буд, ки ду нақлиёти хурд бо мушкилӣ аз он ҷой мегузаштанд».
Воқеан ҳам барҷастагии ин мавзеи бостонӣ, ки 10 гекторро дар бар мегирад, зебоӣ ва субботаш касро ба ваҷд меорад. Миёни маҷмааҳои ин мавзеъ ба андешаи сокинони ин кишвар, масҷиди Ҳазрати Имом мавқеи хосро ишғол мекунад.
Дуртар аз меъмории таърихии Камолиддини Беҳзод, мадрасаи Бароқхона ба назар мерасад, ки метавон соатҳо аз зебогиву шаҳомат ва навиштаҷотҳояш лаззат бурд.
Дар китобхонаи ин маҷмаи бостонӣ хеле боэҳтиёт ҳазор навиштаҷоти беназир нигоҳ дошта мешаванд. Яке аз арзишмандтарини ин ёдгорӣ Қуръони Осмон буд. Мегӯянд, ки он замонҳо ин ёдгории беназирро Темур аз Сурия оварда будааст.
Ҳамчунин, ба меҳмонон аз Тоҷикистон боз дигар мавзеъҳои тамошобоб писанд омад. Аз ҷумла «Хиёбони адибон», ки чанде пеш бо дастури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар боғи миллии Тошканд ба номи Алишери Навоӣ бунёд ёфт. Дар хиёбони номбурда метавон муҷассамаҳои Ҳамид Алимҷон, Ғафур Ғулом ва Зулфия, дид ки бо нависандагону шоирони тоҷик ҳамкории ногусастанӣ доштанд.
Имрӯз, 2 августи соли равон миёни намояндагони доираи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва адибон дар шакли «мизи гирд» мубоҳисаҳо бо нишон додани филми ҳуҷҷатии «Зери як осмон» доир мегардад, инчунин вохӯриҳои дуҷониба ва қабули созишномаҳо дар назар аст.
АМИТ «Ховар»