Дар Душанбе Намоишгоҳи молҳои саноатии Ӯзбекистон доир мешавад

Дар доираи тавсеаи равобити мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 17 то 21 апрели соли равон дар Маркази тиҷоратии «Пойтахт-90» намоишгоҳи молҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда мешавад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ширкати «Узэкспорт» аз созмондиҳандагони намоишгоҳ мебошанд. Таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар, дарёфти шарикони ҳамкор ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ байни ҳар ду кишвар аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳ аст.
Дар намоишгоҳ корхонаю ширкатҳои истеҳсолии Ӯзбекистон молу маҳсулоти худро дар бахшҳои мошинсозӣ, металлургия, масолеҳи сохтмонӣ, технология, электротехника, саноати субук, фармасевтика, атриёт, либос, пойафзол ва молҳои гуногуни рӯзгор ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардида, масоили марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор баррасӣ гарданд.

АМИТ "Ховар"