Ҳамасола 29 июл дар саросари дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии паланг (International Tiger Day) таҷлил карда мешавад. Ин ид соли 2010 дар Ҳамоиши байналмилалии «Саммити паланг» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки ба масъалаҳои ҳифзи ин намуди ҳайвон бахшида шуда буд, бо ибтикори намояндагони 13 кишвари дунё, ки дар қаламравашон паланг мавҷуд аст, таъсис дода шудааст. Дар ин ҳамоиш инчунин Барномаи ҳифзу парвариши паланг барои солҳои 2010-2020 қабул шуда буд.
Мутаассифона, имрӯз дар табиат на бештар аз 5 ҳазор сар паланг боқӣ мондааст ва ин миқдор сол то сол коҳиш меёбад. Дар тӯли сад соли охир саршумори паланг дар саросари олам 25 маротиба кам шудааст. Имрӯз ин намуди ҳайвонро хатари батамом нобудшавӣ таҳдид менамояд. Ин масъала мақомоти ҳифзи табиати мамолики гуногун, аз ҷумла Тоҷикистонро наметавонад бетараф гузорад.
Як вақтҳо дар Тоҷикистон низ паланг, асосан паланги туронӣ мавҷуд буд. Солҳои 30-40уми асри гузашта ҳудуди паҳншавии ин навъи паланг туғайзорҳои водиҳои дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Қизилсу ва Ёхсуро дар бар мегирифт. Вале, мутаассифона, солҳои 50-уми асри гузашта саршумори паланг дар Тоҷикистон тамоман маҳдуд ва ба нестӣ расид. Ҷасади охирини аз тарафи шикорчиён паррондашудаи паланг дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Муҳити хоси зисти паланги туронӣ ҷангалзор ва туғайзорҳои наздисоҳилие буданд, ки ба онҳо таъсири инсон нарасида буд.
Дар солҳои 40-уми асри гузашта дар натиҷаи босуръат аз худ гардидани мавзеъҳои хоси зист, ҳамчунин маҳдуд гардидани саршумори тӯъма гавазни бухороӣ, хуки ёбоӣ, ғизол ва паланги туронӣ дар қисмати ҷанубӣ-ғарбии Тоҷикистон пурра маҳв гардиданд.
Теъдоди паланги туронӣ дар ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта дар поёноби дарёи Вахш 1520 сарро ташкил медод ва дар охири солҳои 40-уми асри гузашта дар тамоми туғайзорҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 1015 сар паланги туронӣ боқӣ монда буд. Соли 1948 дар масофаи 100 км туғайзори соҳилҳои чап ва рости дарёи Вахш танҳо 3 изи гуногунҳаҷми паланг ба қайд гирифта шуда буд. Дар туғайзори дарёи Қизилсу дар ин солҳо 35 сар паланг вомехӯрданд.
Феълан дар Тоҷикистон паланги туронӣ ба рўйхати ҳайвоноти маҳвгардида дохил карда шудааст.
Аз худ гардидани туғайзорҳо, маҳдуд гардидани саршумори тӯъма, таъқиб ва шикор аз ҷониби инсонҳо дар авохири асри 20 омилҳое буданд, ки боиси маҳвшавии паланги туронӣ дар сарзамини мо гардиданд. Ҳоло дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» аз паланг фақат ном мондааст.
Дар ин бора чанд рӯз пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Ҳукумат изҳори нигаронӣ намуда, ба мақомоти дахдор ҷиҳати дар ҳудуди Тоҷикистон аз нобудшавӣ эмин доштани ҳайвоноти нодир, аз қабили бузи куҳӣ, гӯсфанди бухороӣ, мори айнакдор ва ғайра дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин ҷаласа қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани квота барои шикори ҳайвоноти ба Китоби сурхи Тоҷикистон шомилбуда дар соли 2016» қабул гардид.