Мусовии тими футзали Тоҷикистон бо Ӯзбекистон

Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар вохӯрии нахустини байналмилалии дӯстона бо тими мунтахаби футзали Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд натиҷаи мусовии 3:3-ро ба даст овард.
Бозингарони футзали мо дар муқобили иштиродорони бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон ӯзбекистониҳо бозии ниҳоят хуб нишон доданд ва ба Файзалӣ Сардоров муяссар гардид, ки муаллифи се гол шуда, хет-трик намояд.
Дар рафти бозӣ футболбозони мо ду маротиба дар сафи пеш буданд, аммо бартариашонро аз даст доданд ва Акбар Усмонов, Дилшод Раҳматов ва Дилмурод Шавкатов ба се голи Файзалӣ Сардоров ҷавоб гардониданд.
13 -14 июл боз ду вохӯрии дӯстонаи ин дастаҳо дар назар аст.
Ёдрас мешавем, ки тими мунтахаби футзали Ӯзбекистон соли равон дар Чемпионати Осиё дар вохӯрии ниҳоӣ аз дастаи мунтахаби Эрон бо натиҷаи 2:1 шикаст хӯрд ва соҳиби ҷои дуввум гардид. Ҳоло дастаи мунтахаби футзали Ӯзбекистон ба бозиҳои ниҳоии  Чемпионати ҷаҳон, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия мегузарад,  омодагӣ мебинад. Ин даста ба гурӯҳи «А» якҷоя бо тимҳои миллии футзали Колумбия, Португалия ва Панама шомил мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: