Минбаъд дар Тоҷикистон рухсатии сарбозони оиладор аз ҳисоби қисмҳои низомӣ пардохт мегардад

Минбаъд сарбозону афсарони неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки никоҳи қонунӣ доранд ва соҳиби ҳамсару фарзанданд,  дар ним сол  ба муҳлати аз 20 то 30 рӯз ба рухсатӣ мераванд ва роҳкиро барои онҳо аз ҳисоби  қисмҳои низомӣ пардохт мегардад.  Дар ин росто 11 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»  тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Эмомалӣ Собирзода, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ – муовини якуми Вазири мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро дар назди вакилони Парлумон  тавзеҳ дод, гуфт, ки  ҳамчунин тибқи ин тағйирот минбаъд  сарбозону афсароне, ки оиладоранд, дар масофаи на камтар аз 100 километр аз маҳалли зисташон хизмат менамоянд. Инчунин сарбозоне, ки соҳиби як фарзанданд ва дар идомаи хизматашон фарзанди дуюмашон таваллуд мешавад, онҳо аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мегарданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: