Имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ идома дорад

Якуми июли соли равон имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои интихобии ҷумҳурӣ оғоз гардида, барои довталабон тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда шудааст.
Дар шаҳри Кӯлоб 5 маркази имтиҳонот мавҷуд буда, утокҳои имтиҳонгузаронӣ ба талаботи кори соҳа мутобиқ кунонида шудааст. Аз он ҷумла, дар тамоми синфхонаҳо камераҳои назоратӣ насб шуда, аз камераи марказӣ раванди имтиҳон пурра мушоҳида карда мешавад. Волидайни хатмкунандагон имкон доранд, ки ҷараёни баргузории имтиҳонотро тариқи мониторҳои махсус тамошо кунанд. Маркази имтиҳонотии рақами 03-07 воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб барои гузаронидани имтиҳон тамоми шароитро муҳайё сохта, дар рӯзи аввали имтиҳоноти дохилшавӣ 17 утоқ бо шумори 255-нафар довталабон имтиҳон месупоранд. Тавре Рахматулло Ҳабибов,  роҳбари марказ  иттилоъ дод, имтиҳоноти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон одилона ва ба таври шаффоф сурат гирифта, раванди он аз тарафи намояндагони ваколатдори Маркази миллии тестӣ мушоҳида мегардад. Ҳамчунин дар маркази имтиҳонии №03/10, воқеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51- и шаҳри Кӯлоб низ имтиҳонҳои довталабон шурӯъ гардид. Дар ҳар як утоқ маъмурон пеш аз оғози имтиҳон бо доваталабон суҳбат ороста, оид ба масъалаҳои вобаста ба имтиҳон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Давомнокии имтиҳонот 165 дақиқаро дар бар мегирад.
Имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ аз руйи компоненти А барои ҳамаи довталабон дар тамоми кластер доир гардида, то 13 июли соли равон идома меёбад.
khovar.tj

Tags: