Паёми Президент -роҳнамои фардои ҷомеа

Самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки ба соҳаи маориф нигаронида шудаанд, зимни нишасти илмӣ-амалие, ки дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Паёми Президент -роҳнамои фардои ҷомеа» доир гардид, баррасӣ шуд.
Ректори Донишкада Маҳмадулло Раҷабзода дар нишаст роҷеъ ба аҳамият ва омӯзиши Паёми солонаи Президенти кишвар, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аст, ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат вобаста ба соҳаи маориф сармашқи фаъолияти ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳо мебошад. Ин аст, ки самтҳои асосии фаъолияти Донишкадаи забонҳо ба омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи маориф, бахусус омӯзгорони забонҳои хориҷӣ-англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ ва ғайра нигаронида шудааст. Нақши Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар рушду пешрафти соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва таълиму тарбия, хусусан омода намудани мутахассисони забондон дар кишвар муассир аст.
Дар нишаст устодони Донишкада доир ба паҳлӯҳои Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ табодули назар намуда, дар иртибот ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» аз ҷавонон-донишҷӯён даъват намуданд, ки дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи кишвар саҳми назаррас гузоранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: