Оғози имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ

Имрӯз, дар 43 маркази имтиҳонӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон иштироки зиёда аз 12 ҳазор довталаби азқайдгузашта дар назар аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки   соли 2016 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 83 500 нафарро ташкил мекунад.
Тавре, ки аз Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,   имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 15 шаҳру ноҳияҳои инихобшудаи ҷумҳурӣ дар 43 маркази имтиҳоние, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки имтиҳонҳои қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 13-уми июл дар марказҳои имтиҳонӣ ва аз рӯйи қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) аз 25-уми июн то 5-уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мегарданд.
Бояд гуфт, ки эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо тибқи нақша 25 июл  пешбинӣ гардидааст. Инчунин натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро муассисаҳои таълимии дахлдор дар давоми 1-2 рӯз пас аз имтиҳонҳои мазкур ва Марказ 25- уми июл эълон менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: