Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муносибати 10 –солагии таъсисёбии ин мақоми махсуси мубориза ба муқобили коррупсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маҷлис роҳбарият ва кулли кормандони мақомоти назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияро ба муносибати солгарди 10 –уми таъсиёбии Агентӣ самимона табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъда ба ҳамаи онҳо барору комёбиҳо орзу намуданд.
Тавре таъкид гардид, коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Бо таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2007 ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ тадбирҳои тақвиятбахшӣ ва самароварсозии фаъолияти Агентӣ дар самти таъмини шаффофияти раванди идоракунии маблағу воситаҳои давлатӣ ва ошкору пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолату амалҳои номатлуби коррупсионӣ идома дода мешавад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки таъсис ёфтани Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, қабули ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия, мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ва шомилшавӣ ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз тадбирҳои дигару муҳиму саривақтие мебошанд, ки шароит фароҳам оварданд то афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвари мо ба таври мусбат тағйир ёфта, соли 2015 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишондиҳандаи байналмилалии дарки коррупсия 16 зина боло бардошта шавад.
Бо изҳори таассуф таъкид гардид, ки новобаста аз талошҳо ва тадбирҳои рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камбудию мушкилоти зиёд дар соҳа ҷой доранд, ки ислоҳи онҳо муборизаи дастаҷамъонаро бо коррупсия аз ҷониби Агентӣ, Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, дигар мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа аз пештара бештар тақозо менамояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, вазорати нақлиёт, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, комиссиариатҳои ҳарбӣ ва бонкдорӣ дар даҳ соли охир изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Вобаста ба нақшаю барномаҳои фаъолияти самарбахши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар оянда, роҳбарияти Агентӣ барои интихоби кормандони соҳа аз ҳисоби шахсони дасту дили покдошта, ки ба манфиатҳои давлатӣ аз манфиатҳои шахсӣ бештар бартарӣ медиҳанд ва ҷалби ҳамин гуна шахсон барои кор дар ин ниҳоди давлатӣ вазифадор карда шуд.
Дар маҷлис Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба нақшаю барномаҳои минбаъдаи корӣ дар самти пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ сухан гуфта, ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорию дастгириҳои пайваста дар нисбати кормандони соҳа ва пешбурди сиёсати муваффақи зиддикоррупсионии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.