Ба имзо расидани санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия

Дар Душанбе байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/ «Федеральный центр проектного финансирования» /»Маркази федеролии лоиҳаҳои молиявӣ»/-и Русия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи асосии ин санад ба  роҳ мондани ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин  табодули таҷриба байни муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»- и Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи ҷумҳурӣ ва ҶСК «Федеральный центр проектного финансирования»-и Русия арзёбӣ мегардад. Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Тоҷикистон Қодири  Қосим-раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Русия Михаил Девятов, мудири кулли ҶСК «Федеральный центр проектного финансирования»-и Русия  имзо гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки ҶСК «Федеральный центр проектного финансирования»-и Русия дар бахшҳои шарикии давлат ва хусусӣ таҷрибаи калон дошта,  дар ин самт лоиҳаҳои зиёдеро дар ҳудуди Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қораи Африқо амалӣ намудааст.
Ба имзо расонидани санади мазкур дар рушди шарикии давлат ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расонида, барои ҳамкории муфид дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак  замина мегузорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: