КҲФ ва МГ огоҳ менамояд: дар рӯзҳои боронӣ аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоед

Вазъи номусоиди обу ҳаво ва боридани борони шадид дар ҷумҳурӣ боиси рух додани офатҳои табиӣ, аз ҷумла, омадани сел ва  фаромадани сангреза гардид. Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи фаромадани сангреза дар  километри 155-уми  роҳи мошингарди Душанбе–Чаноқ мошини тамғаи «Тойота-Прадо», ки ба самти шаҳри  Хуҷанд ҳаракат мекард, зери сангрезаҳо монда, боиси марги як нафар гардид.

«Отряди наҷотдиҳандагони Кумита дар ноҳияҳои водии Зарафшон ҷасади  мусофири 40-соларо   аз дохили мошин бароварданд», — илова намуд манбаъ.

Зикр шуд, ки омадани  сел ва резиши санг дар қитъаи роҳҳои мошингарди Душанбе-Дарвоз, Душанбе-Рашт-Лахш, инчунин дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд низ  ба қайд гирифта шуданд. Айни замон  аз ҷониби кормандони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ  ҳамаи роҳҳо аз оқибатҳои офати табиӣ бартараф мегарданд, вале ҳанӯз ҳам дар ин ин роҳҳо хавфи  рух додани чунин ҳодисаҳои табиӣ аз эҳтимол дур нестанд.

Сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ  пайваста  шаҳрвандони ҷумҳуриро тариқи воситаҳои ахбори омма огоҳ мекунанд, ки   дар ин рӯзҳо аз сафар  кардан ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намуда, ҷони худро зери хатар  нагузоранд.   Мутаассифона баъзе аз шаҳрвандон    аз он сарфи назар менамоянд, ки  ин беаҳамияти  ба марги  одамон оварда  мерасонад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то охири моҳи апрел дар мамлакат ҳавои номусоид боқӣ монда, боридани борон дар назар аст.

Дар  робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷчуҳи аҳолӣ ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат  аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

«Ба сокинони доманакӯҳҳо ва рустоҳои наздикӯҳии кишвар тавсия медиҳем, ки дар ин  рӯзҳои пурбориш ва хатарзо аз рафтан ба чарогоҳҳо, шикоргоҳҳо, ғунучини ҳезум, молчаронӣ ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд », —  таъкид намуданд аз Кумитаи мазкур.

АМИТ «Ховар»