ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Роҳбари давлати мо Президенти Қирғизистонро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, саодатмандӣ, ҳамчунин, дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо дар роҳи пешрафти Қирғизистони дӯст орзу намуданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карда, алоқамандии худро ба рушди мусбати ҳамаи паҳлӯҳои муносибатҳои ду кишвар дар рӯҳияи ҳамсоягии нек таъкид доштанд.

