Дар Душанбе гурўҳи муштараки таблиғотӣ таъсис ёфт

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», инчунин барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ қарори иҷрокунандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи таъсис додани гурўҳи муштараки таблиғотӣ оид ба тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар шаҳри Душанбе» ба тавсиб расид.
Дар ин бора аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, ҳамчунин зикр намуданд, ки тибқи қарори мазкур бобати анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва маҳаллаҳо дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи муштараки таблиғотӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои гурўҳи мазкур тасдиқ гардидааст.
«Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои марбутаи ноҳияҳои пойтахт барои ташкили вохўриҳои мазкур вазифадор гардида, бояд ба фаъолияти гурўҳи муштараки таблиғотӣ мусоидат намоянд», — афзуд манбаъ.

АМИТ «Ховар»