Самандар Искандарзод

Самандар Искандарзода 15-уми декабри соли 1989 дар Тоҷикистон таввалуд шудааст. Соли 2012 факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, аз соли 2009 дар шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» кор намудааст. Дар Идораи барномаҳои иттилоотӣ муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири варзида ва муовини сармуҳаррир буд.

Самандар Искандарзода то таъйин шуданаш ба вазифаи директори шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» тайи ду соли охир дар вазифаи мушовири калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.