Наврӯз дар Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 20 март фаро мерасад

Наврӯз ё соли нави хуршедӣ дар Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи душанбеи 20 март фаро мерасад.
Тавре аз ин пажӯҳишгоҳ иттилоъ доданд, Наврӯз дар Тоҷикистон соати 15:29-и рӯзи 20 март фаро мерасад ва дар ҳамин вақт шабу рӯз баробар мешаванд.
Бо назардошти тафовути замонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз дар Тоҷикистон қабл аз Эрону Афғонистон ворид мешавад. Зеро аз лиҳози замонӣ миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мутаносибан дуюним ва ним соат тафовути вақт вуҷуд дорад.
Бояд гуфт, ки се рӯз қабл аз фарорасии Наврӯз соли нави деҳқонӣ оғоз мешавад ва кишту кори баҳорӣ бо дуои кишоварзон дар саҳро шурӯъ мегардад.
Тавре аз Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, бо поёни соли нави деҳқонӣ соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз вориди Тоҷикистон мешавад.