Натиҷаи бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон маълум гардид

Бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон 19 ва 20 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор гардиданд. Дар ин даври мусобиқот дастаҳои футболи  «Кӯктош» бо «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» бо «Истаравшан», «Панҷшер» бо  «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо КМВА «Помир» бо ҳам вомехӯрданд. Ин  мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дар ин даври мусобиқот, дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, ки аллакай чанд давр пеш унвони чемпиониро дар Лигаи олӣ ба даст оварда буд, дар сафар ба дастаи футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ғолиб омад. Футболбозони ҷавони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе  Муҳаммадҷон Раҳимов (дақ 2, 55), Шериддин Бобоев (дақ. 23) ва Шаҳром Самиев (дақ. 25) ғалабаи дастаро дар рақобати сафарӣ таъмин карданд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи меҳмонон ҷамъбаст шуд.

Ёдовар  мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол» акнун имтиёзи 48-уми худро ба даст овард.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 19-ум.

«Панҷшер» – «Истиқлол» – 2:4

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 2 (0:1). Шериддин Бобоев, 23 (0:2). Шаҳром Самиев, 25 (0:3). Амир Мемарӣ, 49. (1:3). Муҳаммадҷон Раҳимов, 55 (1:4). Амир Мемарӣ, 63. (2:4).

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Годсон Куайе, Сулаймон Собиров, Шавқат Худойназаров, Далер Раҷабов, Махмараҷаб Ҷобиров, Хуршед Абдуллоев, Ҷурабек Юсупов, Раҷабалӣ Холмуродов Аҳлиддин Ёров, 87), Маҳмуд Ғаюров, Ҳасан Холов (Амир Мемарӣ, 46), Хайриддин Тӯрахонов.

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев, Искандар Ҷалилов (Шаҳзод Давлатов, 46), Ҷамшед Раҳмонов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммаҷон Раҳимов, Шериддин Бобоев (Муҳаммад Ҳакимзода, 79), Комрон Турсунов (Шаҳром Сулаймонов, 46), Шаҳром Сулаймонов.

Мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18-ум

«Хатлон» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Парвиз Охунов, 59 (1:0). Юрий Захаркив, 66 (1:1). Соҳибҷон Ҳакимов, 90+4 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

5 октябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобин.

«Панҷшер» – ССКА «Помир» – 0:2

Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 35 – аз пеналтӣ (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 68 (0:2).

Беҳтарин бозингари дидор: Шервонӣ Мабатшоев (ССКА «Помир»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

5 октябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1500 тамошобин.

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

Голҳо: Диловаршо Ғаниев, 27 (0:1). Шерзод Маҳаммадиев, 61 – аз пеналтӣ (0:2). Аҳтам Назаров, 72 – аз пеналтӣ (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

5 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 3:0

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 35 (1:0). Бахтовар Зокиров, 75 (2:0). Тулқинҷон Умаров, 84 (3:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Бахтиёр Абдураҳмонов («Истаравшан»), 66 – барои бо даст ба рӯи ҳариф задан.

Беҳтарин бозингари дидор: Бахтовар Зокиров («Истаравшан»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

5 октябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.

АМИТ «Ховар»

Tags: