Нашриёти «Адиб» дар Истаравшан намоиш-фурӯши китоб доир намуд

Дар шаҳри Истаравшан намоиш-фурӯши китоб доир гардид. Иқдоми мазкур бо ташаббуси нашриёти «Адиб» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан    амалӣ шуда, зиёда аз 182 номгӯй китобҳои тозанашр пешниҳоди мизоҷон ва ихлосмандони каломи бадеъ гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни боздид аз ҷараёни намоиш-фурӯши китобҳо зикр намуд, ки «сафи дӯстдорони китоб имрӯзҳо ба маротиб афзудааст ва ташкили чунин намоиш — фурӯши китобҳо басо муфид буда, дӯстдорони ин ганҷинаи ҳикмат метавонанд мувофиқи завқи худ адабиёти зарурӣ пайдо ва мутолиа намоянд».

Дар намоиш- фурӯши китобҳо шумораи зиёди сокинони шаҳр, аз ҷумла толибилмон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзида, бо баъзе аз муаллифони китобҳо аз наздик шинос шуданд.

Чунин намоиш-фурӯши боҳашамати китобҳо бори нахуст дар шаҳри Истаравшан баргузор гардида, шумораи китобҳои ба намоиш гузошташуда дар маҷмӯъ беш аз 5 ҳазор нусхаро ташкил намуд. Ва он иқдоми хубест ҷиҳати эҳёи фарҳанги китобхониву китобдӯстӣ дар мамлакат.

АМИТ «Ховар»

Tags: