Намоиши ҳафтсину ҳафт шин дар боғи Ирам

Дар «Боғи Ирам» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи бошукӯҳи идона баргузор гардидааст.
Дар ин бора аз Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Гуфта мешавад, дар барнома ҳайати кормандон, донишҷӯдухтарон, сокинони пойтахт иштирок намуда, дастархони идонаро, ки аз ҳафтсину ҳафтшин- шакароб, ширкаду, оши бурида, каллапоча ва дигар таомҳои миллӣ иборат буд, ба намоиш гузоштаанд.
Ҳамзамон дигар анъанаҳои наврӯзӣ, ки хоси духтарон мебошанд, аз ҷумла зардӯзӣ, чодардӯзӣ, мӯҳрабофӣ, қироати шеъру сурудҳо дар васфи суманак ва баҳору Наврӯз, ҳинобандон аз ҷониби донишҷӯдухтарон нишон дода шуда, намоиши либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои дастии духтарон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Tags: