Дар ноҳияи Ҷомӣ барои занони хонанишин коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шуд

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  занони хонанишин ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон коргоҳи  дӯзандагӣ ба истифода доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,   мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳия баҳри  беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи зиндагии иқтисодиву иҷтимоии занону бонувон равона гардида,   он дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари ба ҳам дӯст- Тоҷикистону Чин сурат гирифт.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода    бо зикри назаррас будани иштирок ва нақши муассири занону бонувон дар пешбурди фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии мамлакат иброз намуд, ки ҳадафи ҳар ду ҷониб тақвияти ҳамкории тарафайн, мусоидат ба шуғли занону духтарон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии бонувон мебошад.

Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин  аз ҳамкории судманди кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуд, ки минбаъд низ барои густариши ҳамкорӣ дар самти дастгирии занону бонувон  мусоидат менамояд.

АМИТ"ХОВАР"