Мутрибаи шоҳмотбоз пай дар пай пирӯз мешавад

Ҷоизадори озмуни «Зебосанами шоҳмотбози Авру-Осиё -2017» Мутриба Ҳотамӣ дар ду мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шатранҷ дар Эрон ширкат карда, пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин бора шабакаи ТВ «Варзиш» хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқа, ки байни намояндагони 10 кишвари дунё дар шаҳри Ардабили Эрон сурат гирифт, Мутриба бо касби 7,5 имтиёз мақоми аввалро ишғол намуд. Ин шоҳмотбози номовару ояндадори тоҷик, ҳамчунин дар шаҳри Рашти Эрон миёни 365 довталаб аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон соҳиби мақоми дуввум шуд. Ин натиҷаҳо ба он оварданд, ки Мутрибаро ба мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Фирдавсӣ, ки аз 13-ум то 20-уми феврали соли равон баргузор мегардад, даъват кардаанд.
Мутриба ҳоло дар шаҳри Теҳрон омодагиро ба муосбиқаи мазкур идома медиҳад.
Мутриба Ҳотамӣ дар Душанбе соли 1997 дар оилаи мураббии мумтозу моҳир ва шоҳмотбози маъруф байни бонувони кишвар Саодат Одинаева ба дунё омадааст. Ӯ 14 маротиба унвони қаҳрамони Тоҷикистонро миёни шоҳмотбозони то 20 сола ба даст оварда, 3 маротиба унвони чемпиони Тоҷикистонро байни бонувон аз худ намудааст.