Муноқишаи ду донишҷӯ сабаби содиршавии ҷинояти вазнин –одамкушӣ гардид

 8 октябр, тахминан соати 07:30, дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,  ҳангоми ба донишгоҳ рафтан байни 2 донишҷӯи бахши 1-уми  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон-сокини кӯчаи М.Шерализодаи ноҳияи Сино  Убайдулло Қурбонови 18-сола  ва  истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳаёти Нави ҳамин  ноҳия   Дилмурод Фозилови 17-сола  муноқиша сар мезанад. Номбурдагон  якдигарро дар назди дигар рафиқонашон- донишҷӯёни бахши 1-уми  Донишгоҳи мазкур,  сокинони кӯчаи М.Шерализодаи  ноҳияи Сино Абдухолиқ Ғафурзода, Кабир Шарипов ва хонандаи  бахши 1-уми Литсейи касбӣ-техникии Тоҷикистон,  истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳаёти Нави ҳамин  ноҳия Давлат Ғайбуллоев латукӯб мекунанд. Дар ҳамин ҳолат  Убайдулло Қурбонов аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд як маротиба ба узви ҳаётан муҳим, яъне қисмати дили донишҷӯ Дилмурод Фозилов мезанад.  Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнин Дилмурод Фозилов ба ҳалокат расида, гумонбар аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Тавре аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, кормандони милитсияи пойтахт зимни баргузории чорабиниҳои  фаврӣ — ҷустуҷӯӣ гумонбар дар ҷинояти одамкушӣ- шаҳрванд Қурбонов Убайдулло Бежановичро худи ҳамон рӯз аз ҳудуди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастгир намуданд. Айни ҳол нисбат ба  ӯ  бо моддаҳои 237 (авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард) ва 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Илова бар ин,   дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ҳолати даст доштан ва ё надоштани дигар рафиқонашон, ки зимни сар задани муноқиша дар ҷои ҳодиса қарор доштанд, муайян карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, далелҳои аввалини тафтишотӣ муайян намуданд, ки ҳарду донишҷӯ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Синоро соли равон хатм карда, хусумати даврони мактабӣ ва бетарафии дӯстону наздиконашон  оқибат ба содир гардидани ҷинояти вазнини одамкушӣ оварда расонид.

Одамкушӣ аз категорияҳои вазнинтарини ҷинояткорӣ маҳсуб шуда, содиркунандагони он арзишҳои волои инсонӣ ва оини ҷавонмардиро зери по гузошта, бо як бераҳмии махсус риштаи умри дигаронро маҷбуран аз ҳаёт канда мекунанд. Аммо  аламовараш он  аст, ки ин ҷинояти вазнинро донишҷӯ ва ё дастпарвари муассисаҳои олӣ содир карда, бар ивази ин аъмолаш боргоҳи илму маърифатро ба маҳбасхона иваз мекунад. Боиси таассуф аст, ки  он донишҷӯёне, ки  шоҳиди ҳодиса буданд,  имкон доштанд  ин ҷинояти вазнинро пешгирӣ намоянд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ин ҳодиса,  дар ноҳияи Сино шаҳри Душанбе бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Душанбе ва   роҳбарияти  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо иштироки васеи сокинони ин ноҳия дар мавзӯи   баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  сокинон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, иҷрои  дастуру супоришҳо ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе  ҳамоиш доир гардида буд.

Дар назди иштирокдорони ҷамъомад  сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода  сабабу омилҳои афзоиши ҷинояткорӣ дар ноҳияи Синои пойтахтро  тавассути тасвир-слайдҳо  шарҳ дода, аз ҷумла, зикр кард, ки  аксари ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, кирдорҳои зиддиҳуқуқии дорои таъсири васеи ҷамъиятӣ  маҳз дар ҳудуди ноҳияи Сино содир шуда, сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи  мазкур назар ба дигар ноҳияҳои пойтахт тамоюли зиёдшавӣ дошта, вазъи мазкур ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонанд.

Ш.Назарзода  ҳамчунин оид ба содиршавии ҳар як категорияи ҷиноят дар алоҳидагӣ бо овардани дилелҳо аз рафти тафтишот  ибрози андеша кард. Мавсуф дар ин замина аз масъулини мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон  дахлдори  ноҳияи Сино даъват ба амал овард, ки дар пешгирии ҳодисаҳои нангин,  аз ҷумла,  муноқишаю авбошиҳои гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард тавассути баргузор намудани чорабиниҳои пешгирикунанда дар ҳудуди ноҳия саҳм гузоранд.

Тибқи таҳлилҳои бадастомадаи  мақомоти милитсия, дур мондан аз назорати волидайн,  надоштани донишу ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ  боиси он  мегардад, ки  хонандагон дар аввал ба одитарин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ даст зада, пайроҳаи бадномкунандаи ҷиноятро ихтиёр менамоянд.

Дар  ҷамъомад  таъкид гардид, ки вазъияти бамаломада  падару модар, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати аввалиндараҷа  диҳанд.
Шариф Назарзода  аз тамоми масъулин, махсусан  падару модарон ва омӯзгорон даъват ба амал овард, ки назоратро аз болои ноболиғон дурусттар ба роҳ монда, нагузоранд фарзандони онҳо ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ гардонанд. Зеро  таҳлилҳои тафтишотӣ  бозгӯи онанд, ки аз беназоратии онҳо  аксари наврасону ноболиғон ҷиноятро бо корду дигар ашёи ба сифати силоҳ истифодашаванда содир менамоянд.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам  вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ то ҷое ташвишовар боқӣ мондааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: