Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн мулоқот намуданд.
Мо аз раванди тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамоем, — таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки сатҳи имрӯзаи эътимоду ҳамдастии ду давлат барои таҳкими бештари равобити ҳасана ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мо мусоидат хоҳад кард.
Азму ниятҳои муштарак барои дар оянда афзун намудани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот байни ду давлат ва тақвияти кори Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, Гурӯҳи муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор таъкид карда шуд.
Ҳарду ҷониб барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, роҳу нақлиёт, энергетика бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва хатҳои интиқоли барқ, саноати коркарди маъданиҳои куҳӣ, кишоварзӣ, амнияту мудофиа ва фарҳанг омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.