Баррасии роҳҳои мубориза ва пешгирии нашъамандӣ дар Хуҷанд

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо масъулини шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд бо устодон ва ҳунаромӯзони Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир карда, дар ҷараёни он мавзӯъҳои вазъи умумии нашъамандӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ, омилҳои асосии ҷиноят содир кардани ҷавонону наврасон, хусусиятҳои вабои нашъамандӣ ва роҳҳои мубориза ва пешгирии онро баррасӣ карданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентӣ хабар доданд, маърӯзачиён ҳамчунин аз даҳшату хавфу хатарҳои таҳдидҳои глобалии ҷаҳони муосир, амсоли ташаккул ёфтани терроризми байналмиллаливу экстремизми динӣ ва ноандешонаву ноогоҳона фирефтаи созмону ҳаракатҳои тундгарои мазҳабӣ ва ифротӣ гаштани ҷавонону наврасон сухан гуфта, иштирокдорони вохӯриро бо фаро гирифтани касбу дониши ғании муосир ва меҳнати софдилона баҳри халқу кишвари соҳбистиқлоламон ҳидоят намуданд.

АМИТ "Ховар"