Мудири шуъбаи стоматологияи Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт барои риоя накардани қоидаҳои беҳдошт ҷарима карда шуд

Мутахассисони  Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Рашт дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштараки  санитарӣ нисбат ба 106 нафар кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия барои вайрон намудани коидаҳои санитарию эпидемиологӣ   санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 10 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима намудаанд.

Аз ин шумора 6 нафар табибанд. Аз ҷумла, мудири шуъбаи стоматологияи Беморхонаи марказии ноҳия бинобар риоя нашудани талаботи қоидаҳои санитарӣ аз ҷониби дандонпизишкони шуъбаи стоматология ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима шудааст. Дар ин бора   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи санитарии Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Рашт Абдулло Ахмедов хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, то имрӯз фаъолияти 52 ташкилоту муассисаҳо то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта  муваққатан боздошта шудааст, ки ба он 2 ҳуҷраи дандонпизишкӣ  ва 1 сартарошхона дохил мебошанд.

Ноҳияи Рашт маркази минтақаи Рашт ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ беморону корафтодагон аз ноҳияҳои Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Тавилдара ба беморхонаи марказии ноҳия бисёр муроҷиат менамоянд. Аз ин рӯ бояд табибону кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт, махсусан дандонпизишкон   қоидаҳои тозагию беҳдоштиро дар мадди аввал риоя намоянд, то беморон аз заҳролудшавию гирифторӣ ба микробу вирусҳои сироятӣ эмин бошанду ҳаққи хизматрасонӣ мувофиқи тартиботи муайянгардида ситонида шавад. Вале аз натиҷаи фаъолияти мутахассисони  Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Рашт маълум мегардад, ки роҳбарияти беморхонаи марказӣ  нисбат ба саломатии аҳолӣ беаҳамиятӣ зоҳир карда, ба риоя  намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ миёни кормандони соҳа, махсусан дандонпизишкон таваҷҷуҳи зарурӣ  намедиҳанд. Аз ин рӯ   хизматрасонии дандонпизишкӣ дар ноҳияи Рашт дар сатҳи паст қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   зимни суханронӣ  дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  доир ба бемасъулиятии  табибон, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон  изҳори нигаронӣ намуданд.

Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт бояд суханрониҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ диҳанд.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: