Ба зиёда аз 60 нафар шахсони маълули шаҳри Душанбе аробачаҳои маъюбӣ тақсим карда шуданд

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии  Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи маъюбон ба зиёда аз 60 нафар шахсони маъюб- сокинони пойтахтаробачаҳои маъюбӣ тақсим карда шуданд. Дар ин бора аз Вазоратитандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардоданд.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бахшида ба Рӯзи маъюбон барномаю ҳамоишҳои зиёд доир гардиданд.

Дирӯз чунин як барномаи  фарҳангӣ-фароғатӣ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» баргузор карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар барнома намояндагони  Раёсати ҳифзи иҷтимоии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ноҳияи Варзоб,  Муассисаи давлатии кӯдакони маъюб  “Чорбоғ”  ва волидону бошандагони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш сардори бахши хизматрасонии иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фахриддин Юсуфзода аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин қишри ҷомеа ёдовар шуд.

Зимни ҷамъомад миёни бошандагони муассисаи мазкур бозиҳои шавқовар доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин барномаи консертӣ хотимабахши маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: