Муаррифии Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳангӣ дар шаҳри Хайани музофоти Ҷиангсуи Чин

22-24 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо даъвати Ҳукумати мардумии шаҳри Хайани музофоти Ҷиангсуи Чин дар маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии «Хайан-2019: Иртиботи фарҳангӣ дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ба хотири муаррифии шоистаи фарҳанг ва санъати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷашни 28-солагии Рӯзи истиқлолияти мамлакатамон ва 70-солагии  таъсиси Чин ду нафар намояндаи кишвар — овозхони ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов Гулбаҳор Шокирова ва узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Эраҷ Олимов дар ин фестивали байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар ҳошияи ҷашнвораи мазкур ҳунарнамоии овозхони ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов Гулбаҳор Шокирова ва асарҳои рассомии ба маъраз гузоштаи Эраҷ Олимов ҳамчун намунаҳои беҳтарини намоиши фарҳанг ва санъати тасвирии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҳарду намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ифтихорномаи «Қосиди фарҳангии Роҳи абрешим»-и Ҷашнвораи байналмилалии «Хайан-2019: Иртиботи фарҳангӣ дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» мушарраф гардиданд.

Зимни сафари корӣ Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ҳамчунин бо роҳбарият ва намояндагони идораҳои фарҳанг, сайёҳӣ, тиҷорат, маорифи шаҳри Хайани музофоти Ҷиангсу Чин вохӯриҳо гузаронида, зимни онҳо таҳкиму густариши робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофотро дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: