Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо гармии ҳаво то 18 дараҷа мерасад.

Имрӯз, 19 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 2-3 дараҷа гарм мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, рӯзона шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи камабр дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 0-2 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"

Tags: