Миёни вилояти Сирдарёи Узбекистон ва Тоҷикистон автобусҳои транзитӣ роҳандозӣ мешаванд

Миёни вилояти Сирдарёи Узбекистон ва Тоҷикистон автобусҳои транзитӣ тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд. Ин нуктаро 7 октябр  номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон — Ҳизби либералӣ-демократии Узбекистон, Президенти кунунии мамлакат Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо интихобкунандагони вилояти Сирдарё иброз дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти президенти Узбекистон.

Мавриди зикр аст, ки айни замон бо сабаби пандемия ҳаракати автобусҳо миёни Тошканд, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Узбекистон қатъ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 26-27 ноябри соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Комиссияи муштараки навбатии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба нақлиёти автомобилӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёти  Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири нақлиёти Узбекистон Даврон Деҳқонов   доир гардид.

Зимни ҷаласа  масоили  ҳамкории дучониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, кушодани хатсайрҳои иловагии байналмилалӣ дар сами мусофирбарӣ ва транзит,  ворид намудани тағйирот ба Созишномаи амалкунанда бо мақсади содагардонии раванди  ҳамлу нақл бо нақлиёти автомобилӣ, мубодилаи  рухсатномаҳо барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар соли 2021, мубодилаи таҷриба оид ба ҷорӣ намудани  рақамикунонӣ дар нақлиёт ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сипас оид ба масоили муҳокимашаванда Протокол ба имзо расид, ки онро муовинони вазирони нақлиёти ҳарду кишвар Шоиста Саидмуродзода ва Даврон Деҳқонов ба имзо расониданд.

АМИТ «Ховар

Tags: