Франсия чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба футбол гардид

Дастаи мунтахаби Франсия дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки шоми дирӯз дар варзишгоҳи «Лужники»-и Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, дастаи мунтахаби Хорватияро бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб кард.

Голҳои мунтахаби Франсияро Марио Манҷукич (худгол дар дақиқаи 18), Антуан Гризманн (дақиқаи 38, пеналтӣ), Пол Погба (дақиқаи 59), Килиан Мбаппе (дақиқаи 65) ва голҳои мунтахаби Хорватияро Иван Перешич (дақиқаи 28) ва Марио Манҷукич (дақиқаи 69) вориди дарвоза намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамлагари мунтахаби Хорватия Марио Манҷукич дуюмин бозингаре гардид, ки дар бозии Чемпионати ҷаҳон ҳам ба дарвозаи рақиб ва ҳам ба дарвозаи худ гол задааст.

Сармураббии дастаи мунтахаби Франсия Дидие Дешам баъд аз Марио Загалло (Бразилия) ва Франс Беккенбауэр (ҶФГ) сеюмин нафаре гардид, ки Ҷоми Чемпионати ҷаҳонро ҳам ба ҳайси футболбоз ва ҳам ба ҳайси сармураббӣ ба даст овардааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбе, 14 июл дар бозӣ барои ишғоли ҷойи сеюм дастаи мунтахаби Белгия тими мунтахаби Англияро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дода, медалҳои биринҷии Чемпионати ҷаҳонро соҳиб гардид.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи навбатӣ аз 21 ноябр то 18 декабри соли 2022 дар Давлати Қатар баргузор хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»