Машқҳои муштараки хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Исфара

Машқҳои дурӯзаи байнисарҳадиии хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Исфара оғоз гардиданд.
Машқҳои муштарак бо мақсади санҷиши ҳамоҳангии нақшаи мудофиаи гражданӣ ва низоми ягонаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар мавзӯи «Амали сохторҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми офатҳои табиии байнисарҳадӣ » гузаронида мешаванд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани машқҳо аз ҳисоби мутахассисони ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд ва шаҳри Исфара гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, 12 хадамоти мудофиаи гражданӣ, дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят ва зиёда аз 40 адад нақлиёту техникаҳои махсус ҷалб карда шудаанд.
Ҳайати наҷотдиҳандагони Қирғизистон низ бо 22 адад воситаи нақлиёт, 120 адад таҷҳизоту дастгоҳҳо ва зиёда аз 100 воситаи махсус ба макони баргузории машқҳо-шаҳраки Шӯроб ҳозир шуданд.
Дар доираи машқҳо хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи ду кишвар амалҳои худро зимни сар задани офати табиӣ бо роҳандозии силсилаи чорабиниҳои иттилоотиву таблиғотӣ намоиш медиҳанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: