Нимаи дуюми рӯзи 5 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқоти судманду созанда доир карда, дар барномаи бошукуҳи идона ба ифтихори 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Нахуст зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозинро бо ҷашни муқаддаси умумимиллӣ 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз пешрафту дастовардҳои сокинони шаҳри таърихӣ ва куҳанбунёди Кӯлоб ёдовар шуда, нақши басо арзишманди ҷавонмардони онро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон бузург арзёбӣ карданд. Инчунин Президенти мамлакат аз истиқболи самимӣ ва дастгирии сиёсати роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ба сокинони шаҳри Кӯлоб изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду пешрафти ҳамаи соҳаҳо дар ин шаҳри бостонӣ андешаронӣ карда, татбиқи ҳадафҳо ва тадбирҳои ҳукумати кишвар баҳри ҳалли мушкилоти мардум, рушди бомароми иҷтимоиву иқтисодии Кӯлоб, тараққиёти соҳаҳои саноату сохтмон, таъсиси ҷойҳои корӣ, бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии таълимӣ, иншооти варзишӣ, роҳҳои мошингарду майдони ҳавоӣ ва ғайраро махсус таъкид карданд.
Зикр гардид, ки барои рушди мунтазами иқтисодиёту иҷтимоиёт бо Қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр барои солҳои 2015-2019 тасдиқ гардидааст, ки татбиқи 262 лоиҳаро ба маблағи умумии беш аз як миллиард сомонӣ дар бар мегирад. Ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, таҳкими инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба шумор меравад.
Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми ватанпарвару фарҳангдӯсти шаҳри бостонии Кӯлоб ва кулли ҳамватанони азизамонро ба ифтихори 25 — солагии истиқлолияти давлатии кишвар ва ҷашни Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди кишвар сулҳу субот, хонаободию сарбаландӣ орзу намуданд.
Шоми ҳамин рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баъди суханронии пурмӯҳтавои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукуҳи фарҳангии идона ва намоиши театрикунонидашуда, ки таҷассумгари дастовардҳои 25 — соли соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат ва якпорчагию муттаҳидии мардуми шарифу сарбаланд ва тамаддунофари тоҷик буд, баргузор шуд.
Бо ҳамин таҷлили ҷашни таърихии 25 — солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар саросари кишвар бо дастовардҳои беназир бо барпо кардани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ қайд карда шуд, ҷамъбаст гардид.