Маркази миллии тестӣ: Имрӯз даври иловагии ИМД дар соли таҳсили 2021 оғоз гардид

Имрӯз дар 6 маркази имтиҳонии шаҳри Душанбе, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил карда шудаанд, даври иловагии имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли таҳсили 2021 оғоз гардид.

Аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шумораи умумии довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ аз 10 то 30 июн барои иштирок дар ИМД худро номнавис кардаанд ва довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи умумии асосӣ) иштирок карда натавониста, барои супоридани имтиҳони дахлдор дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намудаанд, 2087 нафарро ташкил медиҳад (аз ҷумла 1728 нафар барои супоридани қисми А ва 359 нафар барои супоридани қисми Б).

Барои ташкил, баргузорӣ ва идораи даври иловагии имтиҳонҳо низ 223 корманди муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб карда шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот намояндагони ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. Инчунин мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.

Даври иловагии имтиҳонҳо мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор гардид.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести дар имтиҳонҳо истифодашуда пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тести дар сомонаи Марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад.

Пахши раванди имтиҳонҳо аз марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 20 июли соли равон ба нақша гирифта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: