Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Туркия қарор доранд

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  бинобар сабаби ҳодисаҳои охир дар Ҷумҳурии Туркия, хусусан пойтахти он-шаҳри Анкара ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул супориш дода шудааст, то ба мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар иқомат доранд, чораҳои зарурӣ андешад.

Мувофиқи иттилои охирин аз миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия иқомат доранд ва аксари онҳоро донишҷўён ташкил медиҳанд, касе зарар надидааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Туркия қарор доранд, бояд бисёр эҳтиёткор бошанд ва аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон дурӣ ҷӯянд.

Дар ҳолати зарурӣ, лутфан ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар тамос шаванд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия
Суроға: кӯчаи Ферит Реҷаи Ертуғрул рақами 20, шаҳраки дипломатӣ, Оран, Анкара, Туркия
Тел: +(90 312) 491 16 07, 491 17 08
Факс: +(90-312) 491 16 03
E-mail: tajemb_turkey@yahoo.com
Сомона: www.tajikembassytr.org

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул
Суроға: Halkalı Cd. No:14, Yeşilköy Mh., Bakırköy-İstanbul
Тел: +90 212 426 50 52, +90 212 426 50 54
Факс: +90 2124265056
E-mail: tajcons.ist@gmail.com
Сомона: www.tajconsist.org

АМИТ  «Ховар»

Tags: