16 январи соли 2018 маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, пас аз маросими супоридани Эътимоднома суҳбати кӯтоҳи ҷонибҳо сурат гирифт. Зимни он таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, баҳри амалӣ намудани тавофуқоте, ки сарони ду давлат зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус 1 декабри соли 2017 мавриди муҳокима қарор дода буданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
АМИТ "Ховар"